БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» самараи нек ба бор оварда истодааст

А.ҶОМӢ. Бо мақсади амалӣ гардидани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии «Об рӯшноӣ» дар назди ИДБЗ ва обёрии ноҳия дар  деҳаи Бӯстон Сулаймонова-2-и  ҷамоати деҳоти Иттифоқ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», бо мақсади таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва тозаву битонрезӣ кардани канали байни деҳаи мазкур ба масоҳати 1 км ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумӣ баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар амалишавии корҳои ободонӣ аз  ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Х. Мирзоев мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ШарифзодаҶамолиддин оид ба ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ва фаҳмонидани моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат ибрози ақида намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро эълон доштанд андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки мақсади асосӣ таъмин кардани аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳаву маҳаллаи аҳолинишин мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg