ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳилолӣ»-и ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шахсони бекор ба ҳунармандиву хоҷагидорӣ, кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои корам, истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, пардохти маблағи он, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, расидан ба қадри хизматҳои шоистаи Пешвои миллат дар шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодати сокинон андешаронӣ карда, онҳоро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуданд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ тибқи нақша- чорабиниҳо дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба якчанд оилаҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби фаъолони ҲХДТ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.