БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳнамо ба корҳои созандагию ободонист!

ХОВАЛИНГ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Доробӣ»-и  ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва бо иштироки васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Саидҷалол Сатторов баромад намуда,  дар бораи бандҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, вазифаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро дар амри иҷрои дастуру супоришҳои аз Паём бароянда муайян намуд.

Дар суҳбат вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисоби ҲХДТ, аз ҳавзаи интихоботии № 12 Ҷангихон Одинаев баромад намуда, дар бораи ривоҷ додани корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори санаи муҳими таърихӣ– 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳа сухан ронда, афзуд, ки то ин дам дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳа як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла дар якҷоягӣ чоҳи оби ошомидании мардум тоза карда шуда,  дастрасии тамоми сокинон ба оби тозаи ошомиданӣ карда шуд.  Дар ҳамин асос кӯчаҳои деҳа чароғон карда шуданд. Дар назар аст, ки  дар деҳа бо дастгирии якдигар купрӯк, майдони варзишӣ, клуби фарҳангӣ, дорухона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ сохта ва бунёд карда мешаванд.

Сокинони маҳалла Усто Айниддинов, Давлат Ҳасанов, Шариф Бӯрихонов ва чанде дигарон дар баромадашон омодагии хешро дар иҷрои саривақтии воҳидҳои ҷашнӣ иброз  доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg