БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём пайки шодиву сурур ба мардуми шарафаманди тоҷик

ҲАМАДОНӢ. Тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Восеъ»-и ҷамоати шаҳраки Москва бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ ва созандагӣ ҷараён гирифт.

Боиси қайд аст, ки дар ин корҳои ободонӣ зиёда аз 500 метр ҷӯйбор тоза карда шуда, ҳамзамон бехи зиёда аз 150 дарахтони ороишиву мевадиҳанда нарм карда шуданд. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев зимни вохӯрӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Восеъ» вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, ки тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар мегирифт, андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат ин пайки шодиву сурур ба мардуми шарифи Тоҷикистон,  аз ҷумла ба мардуми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Боиси тазаккур аст, ки иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатро мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ бо тамоми ҳастии хеш қабул намуданд ва ба итминони боварӣ гуфта метавонем, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол мегирем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg