ПАНҶ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ҳамчунин бобати иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо оид ба ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи ҲХДТ бо маҳал бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ мулоқот гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.
Баъдан, вобаста ба татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ Ярова Тозагул бо қувваи сокинони маҳал ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуд.
Дар ин рӯз сокинон дар 2 тарафи роҳи мошингарди маркази маҳалла панҷараҳои оҳанинро насб намуданд.
Ҳамчунин, иброз доштанд, ки дар дигар рӯзҳои ободонӣ ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳандаро дар ду тарафи роҳи марказии маҳалла мешинонанд.