БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳкушо ба ояндаи неки Ватан

НОРАК.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нурофарон» оид ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дарбаргирандаи пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои  гуногуни кишвар мебошад, бо иштироки муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Нурофарон ” Қосимов Раҳматулло вохӯрӣ  доир гардид.

Зимни суханронӣ Қосимов Раҳматулло дар назди иштирокдорон нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз дошт, ки иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, аз ҳар фарди худогоҳу ватандӯст вобастагии амиқ дорад.

Сипас,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, узви Кумитаи иҷроияи  шаҳрӣ Ашӯров Қобилҷон  оид ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ҳадафҳои Паёми навбатии Пешвои миллатро мухтасаран ба иштирокчиён фаҳмонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg