КУШОНИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии “Матлубот”-и ноҳия бо кормандони он оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷо ҳал мекунем!” вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, вобаста ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ, самаранок истифода намудан аз қувваи барқ, тарбияидурусти наврасону ҷавонон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.
Дар охир кормандони ташкилот иибтидоии номбурда ҷиҳати амалӣ намудани Аксияитарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як нафар корманди ниёзманди ташкилот маводҳои хӯрока кӯмак расониданд.