КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Якуми май” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Якуми май” М.Шарипов иштирок ва баромад намуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2018 ироа гардид, тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи миллӣ равшан сохт, чунин гуфта шуд аз ҷониби масъулин.
Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супурда шуд.