ЁВОН. Дар заводи ҶДММ “Тсунг Джай моҳир семент” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Толибхон Ситамурод бо аҳли заҳмати заводи мазкур вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар самтҳои тараққиёти мамлакатро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва бо дарназардошти пешомадҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян ва мушаххас намуданд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳимест, ки омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани он кафолати амнияти кишвар ва рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аст. Амалисозии ин ҳуҷҷати аҳамияти стратегидошта аз ҳар фарди ватандӯст, дар навбати аввал аз хизматчиёни давлатӣ ва фаъолони ҷомеа ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиро тақозо менамояд.
Пешрафту тараққиёти ояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва боз ҳам боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон, пеш аз ҳама, ба амалӣ гардидани нуктаву хулосаҳои Паёми Роҳбари давлат робитаи мустақим дорад.
Амалисозии нуктаву хулосаҳои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар як сокини мамлакат аст ва моро водор менамояд, ки баҳри анҷом додани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва расидан ба асолати миллӣ беш аз пеш масъулиятшинос бошем.