БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар нагҷинаест инсонро ба мақсуд мерасонад

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули он  дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Намуна”-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов  оид бабаррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир намуданд.

Масъулин зимни вохурӣ оид ба  бандҳои муҳими муҳтавои Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва  вобаста ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии сокинони деҳот суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҳар як сокини кишвар бояд дорои маҳорати касбу ҳунарҳои хоса бошад, зеро инсон бо касбу ҳунарҳои хубаш аз уҳдаи коре баромадаву ба мақсаду маромаш мерасад.

Дар охир  ба 6 нафар сокинони фаъоли деҳот шаҳодатнома ва нишонҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg