БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳнамои мо сокинон аст дар роҳи созандагиву ободонии Ватан !

ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, аҳли зиё, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони деҳаи Меҳтари  ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара вохӯрии судманд доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ, атрофи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  масъулин баромад намуда,  иброз доштанд, ки  коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, баланд гардидани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, дастгирии ятимону маъюбон, солимӣ ва беҳдошти аҳолӣ, татбиқи технологияҳои навини иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани ихтирооту навоварӣ дар истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани иқтидори энергетикии кишвар, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва судӣ, баланд гардидани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дастовардҳои таърихӣ дар соли 2018 мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg