ВОСЕЪ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноӽияи Восеъ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽияи Восеъ бо иштироки раиси ноӽияи Восеъ Ғафурзода Мусо Зариф, мудири шуъбаи ташкилӣ, баӽисобгирӣ ва созмонӽои ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар вилояти Хатлон Ӽусейнзода Наврȳз, раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Сафарова Ӽафиза, кормандони масъули Кумитаи иҷроия, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотӽои ибтидоии ӽизбӣ ва фаъолони ӽизб баргузор гардид.
Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ масъалаӽои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар соли 2018 ва вазифаӽои навбатӣ барои соли 2019, дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории хонишӽои сиёсӣ ва вохȳриву мулоқот дар ташкилоту муассисаӽо ва деӽаю маӽаллаӽои ноӽияи Восеъ дар нимсолаи якуми соли 2019, тасдиқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 ва тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽии Восеъ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽияи Восеъ Қурбонова Ҳафиза ба сухан баромада, оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар соли 2018 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Мафсуф зимни суханронӣ вобаста ба ҳадафҳои аслии ҳизб аз ҷумла, пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуд.
Ӽамзамон, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо Зариф фаъолияти Кумитаи иҷроияро назаррас унвон намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташаккули мафкураи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа корҳои тарғиботиро ба таври фарогир ба роҳ монда, аз он хатарҳое, ки ба амният ва солимии мамлакати мо таҳдид мекунанд, огоҳ месозанд.
Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ӽусейнзода Наврȳз ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо роҳи аз ҳама асосии пешгиркунанда ҷиҳати паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ мебошад.
Дар ин раванд барои фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои соли 2018 изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба шахсони фаъоле, ки дар соли 218 барои саҳми назаррас гузоштан дар амалӣ гаштани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҳизбии вилояти Хатлон бо Ифтихорнома, Сипосномаӽо ва ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽия ва вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.