ВАХШ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26.12.2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони ШВКД дар ноҳияи Вахш вохӯриву суҳбати судманд доир карда шуд. Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ба сухан баромада, оид ба муҳтавои самтҳои асосии фарогири сиёсати дохилӣ ва хориҷии дар Паём дарҷгардидаи кишвар ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла қайд гардид, ки дар Паёми навбатии худ ба Парлумон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии Созмони Милали Муттаҳид аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ва беҳбудии назарраси муносибатҳо бо ӯзбекистонро се дастоварди бузург дар соли 2018 унвон кард.
Инчунин, дар идома зикр карда шуд, ки Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегии кишвар- ба ҷумҳурии саноатӣ-кишоварзӣ табдил додани кишварро зълон намуданд. Дар самти риояи талаботҳои қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои Пешвои миллат шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Баъдан ҷонишини сардори ШВКД дар ноҳияи Вахш С. Абдуллозода ба сухан баромада, таъкид намуд, ки кормандони ШВКД дар ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём дарҷгардида масъулияти бештар дошта, дар байни аҳолӣ низ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.