БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-солагии Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикитонро сазовор истиқбол мегирем

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи ба номи Камоли  Хуҷандӣ чорабинии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Асалмамадов Бекмамад, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асалмамадов Бекмамад ва Зайдуллоев Муҳаммадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ махсусан дар доираи тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва ҳамчунин оид ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал суханронӣ намуда,  қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатии худ иброз доштанд, ки соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Гузашта аз ин Президенти мамлакат дар ҳамин радиф иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ масъулин ба иштирокдорон ва саҳмгузорони ин чорабинӣ минатдории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро баён намуда, иброз доштанд, ки Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда аз роҳи тарғиби дуруст сафарбар намудани корҳои хайру сахо, инчунин ҳалли масъалаҳои бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин қувваи сокинони маҳал иборат  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg