ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Навбунёд»-и ҷамоати шаҳраки Обикиик вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карданд.
Баъд аз баргузории вохӯрӣ дар маҳаллаи мазкур аз сокинон оид ба тартиб даровардани деворҳои гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, аз сокинони маҳалла оид ба баргузории шанбегӣ ва ободу зебо гардонидани маҳали зист, аёдати беморон ва расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоат даъват ба амал оварда шуд.