БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷараён доранд

ҲАМАДОНӢ.Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯдакистони №2» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ  Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ  карда, қайд намуд, ки  мо пеш аз ҳама ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бомаротиб зиёд кунем ва қисми зиёди онҳо дар деҳот пешбинӣ шудааст. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилотӣ томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад ва қисми зиёди онҳо дар деҳот пешбинӣ шудааст, омадааст дар Паём.

Кормандони Кӯдакистони  №2 бо тозаю озода намудани саҳни кӯдакистон ва нарм кардани бехи дарахтони сояафкан ва ороишии роҳравҳои он машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg