КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилотҳои ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ, тропикӣ” ва “Маркази дизенфексионӣ” вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои рушди иқтисодиёт, энергетика, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва риояи қонунҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҳар якионҳо барои эмин нигоҳ доштани сиҳатии омма ваиҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии ҷомеа даъват ба амал оварданд.
Дар қисмати дигари вохӯрӣ Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардида, ба 6 нафар кормандони ниёзманди ташкилоти мазкур маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, чой, шакар ва ғайраҳо ба маблағи 1200 сомонӣ кӯмак расонида шуд.