КӮЛОБ. Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён баргузор гардид.
Инчунин, дар кори макҷлис роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон иштирок намуданд.
То оғози маҷлис Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Фурӯғи нури Раҳмонӣ” роҳандозӣ шуда, миёни аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ армуғонҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.
Дар рафти маҷлис аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2018 натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳои дигар вобаста ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Кӯлоб дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои соли 2019 ва дигар масъалаҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада. оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2018 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Мафсуф вобаста ба ҳадафҳои аслии ҳизб аз ҷумла, пойдории сулҳу субот, таъмини рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози ақида намуданд.
Дар қисмати музоракиравӣ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” - Шоинов Ҳасан, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Осорхона” Ҳотам Раҷабӣ Асозода, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатии шаҳрии №2” Шамсиддинов Сироҷиддин ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёниён” (МТМУ №53) Имаралиева Наргис суханронӣ намуда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
Инчунин, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода Саломуддин фаъолияти Кумитаи иҷроияро назаррас унвон намуда, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташаккули мафкураи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа корҳои тарғиботиро ба таври фарогир ба роҳ монда, аз он хатарҳое, ки ба амният ва солимии мамлакати мо таҳдид мекунанд, огоҳ месозанд.
Ҳамзамон, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидиён ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар маҳалҳо роҳи аз ҳама асосии пешгирикунанда ҷиҳати паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ унвон намуданд. Дар ин баробари барои фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб барои соли 2018 изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ба шахсони фаъоле, ки дар соли 218 барои саҳми назаррас гузоштан дар амалӣ гаштани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар озмунҳои ҳизбии вилояти Хатлон бо Ифтихорномаҳо ва ҷоизаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳрӣ ва вилояти Хатлон ва барои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Кӯлоб як ада компютер бо тамоми таҷҳизоти кориаш тақдим карда шуданд.