БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Данғара дар соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019

ДАНҒАРА. Ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018 ва вазифагузориҳо барои соли 2019 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки дар кори маҷлис аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаю корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони  муассисаҳои таълимии маркази ноҳия иштирок доштанд.

Дар маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъдаи он дар соли 2019, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара барои соли 2019, тасдиқи қарор ва нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва Кумитаи иҷроия, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 бармеояд, тасдиқ намудани ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Данғара дар шашмоҳаи аввали соли 2019, тасдиқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” барои нимсолаи аввали соли 2019 пешниҳод гардид.

Аз рӯи масъалаи якум раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмуҳаммад оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли сипаришуда суханронӣ намуд.

Баъдан Кабирзода Маҳингул узви  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, мудири САҲШ-и ноҳия, Амирзода Аловуддин  намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шарифзода Ҷамшед   муовини аввали раиси ноҳияи Данғара фикру мулоҳизаҳои хешро нисбат ба фаъолияти Кумитаи иҷроия баён дошта, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғараро қаноатбахш ҳисобиданд.

Дар қисмати ҷамъбастии маҷлис ба як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҳизбӣ ҷиҳати фаъолияти самаранок дар самти татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  Ифтихорномаҳои  ҳизбӣ  дар вазъияти  тантанавӣ тақдим  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg