БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Китобхонаи шаҳр» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал оид ба Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ироа гардида, маъруза намуда, қайд кард, ки, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабр, дар охири сол манзур мегардад, ки онро ҳамчун барномаи яксолаи рӯзгори мардум муқаррар месозад. Тавре ба ҳамагон маълум аст 26 декабри соли 2018 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми кишвар ироа гардид, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2019 муайян намуданд.