БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём - роҳнамои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи  вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба баррасии  муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи  Ҷӯра Назаров, деҳаи ба номи Асомиддин Муродов вохӯрӣ баргузор гардид.

Инчунин, дар гурӯҳи тарғиботӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон  шомил буда, дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ карда, ҳамагонро барои  иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда,  дар амал татбиқ намудани  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ раҳнамоӣ намуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg