БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Корҳои ободонӣ дар маҳал амалӣ мегарданд

А.ҶОМӢ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардидани хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон-4»-и деҳаи Бӯстон Сулаймонова-1 ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  бо мақсади таъмини зиндагии шоиста, амалии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳоӣ  аз бумбасти коммуникатсионӣ ҳашари умумӣ ташкил карда шуда, роҳи деҳаи мазкурро дар фасли сармо ба масоҳати 3км сангфарш ва аз таъмири капиталӣ  бароварда шуд.

Ҳамзамон дар амалишавии корҳои ободонӣ аз  ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ашӯров Суннатулло мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия ва Шарифзода Ҷамоилддин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ оид ба ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ ба корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ ибрози ақида намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg