Дар маҷлиси ҷамъбастӣ фаъолон қадршиносӣ гардиданд

ҶАЙҲУН. Дирӯз маҷлиси ҷамъбастӣ  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияиҶайҳун дар соли 2018 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи Ҷайҳун 4 масъала дар бораи  ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2018, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2019”,   тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ҷайҳун дар нимсолаи  якуми соли 2019 ва оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҷайҳун, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 пешниҳод ва баррасӣ карда шуданд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия,  муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Латифзода Хушрафтор иштирок дошта, зимнан маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадова Ҷумагул  оғоз бахшида,  аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2018  баромад намуд. Барои баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Дониш” ва “Тоҷикистон”-и Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия маърӯза намуданд.
Вобаста ба масъалаи дуюм дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун барои соли 2019, тасдиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳия дар нимсолаи  якуми соли 2019 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018  андешаронӣ карда шуда,  қайд гардид, ки доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун таҳия ва қабул карда шуданд.

Дар фарҷоми маҷлис бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии  деҳаву маҳалла ва ҳамчунин аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун қадршиносӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg