Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар маҳал идома дорад

Н. ХУСРАВ. Дар  толори  Қасри   фарҳангӣ  ноҳия вохӯрии  гурӯҳи  корӣ  бо  роҳбарону  кормандони  ташкилоту  муассисаҳо, раисони  ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ,  раисони  маҳаллаҳо,  сокинони   ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  иштироки зиёда  аз  500 нафар  баргузор  гардид.  

Вохӯриро раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав  узви  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии   ҲХДТ  Садриддинзода  Нуриддин Талбак ифтитоҳ  намуда,  мақсади  баргузории  вохӯриро   фаҳмонид.   

Баъдан  роҳбари    гурӯҳи  корӣ, директори   Агентии  давлатии беҳдошти  замин  ва  обёрии Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Холмуроди  Раҳмон ба сухан баромада, қайд  намуд, ки  дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Руйдоди  муҳими   таърихии  дигари  дар  соли  сипаришуда  ин  ҳал   шудани  муносибатҳои сиёсиву  иҷтимоӣ ва  тиҷоратии  байни  ду  кишвари  дӯсту  ҳамсоя  Тоҷикистону  Ӯзбекистон  таъмин  гардид.

Дар  Паём оид  ба  таъмини аҳолӣ  бо  маҳсулоти хушсифат, ки  шарти  асосии   солимии  мардум   мебошад, таъкид  гардида,  аз  сохторҳои  ҳукумат  ҷиҳати  истеҳсоли  молҳои хушсифти  ба  бозори  ҷаҳонӣ  рақобатпазир   дастурҳо  дода  шуда,  барои   пешгирии  воридоти  молу маҳсулоти пастсифат ва  ғайристандартӣ ба  мақомоти  ваколатдор  супориш   дода  шуд, ки  чораҳои  таъхирнопазир  андешанд. Барномаи  бехатарии  маҳсулоти   озуқавориро амалӣ  намоянд.

Дар  баргузории   вохӯрӣ   раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия Алиева  Сураё    ҳамчун   аъзои  гурӯҳи  корӣ  иштирок  дошта,  оид ба фаъолияти   ҲХДТ-ҳизби  созандаву  бунёдкор   дар  масъалаҳои   солимии  ҷомеа, фарҳанги миллӣ, тарбияи ахлоқиву  маънавии  ҷомеа, тарбияи ҷавонон ва  ҷалби  онҳо  ба  хизмати  ҳарбӣ, татбиқи  қонунҳои  миллӣ  ва  ташкили  корҳои хонагӣ,  аз  қабили  ҳунарҳои  дастии  мардумӣ, ғамхориҳои  давлат дар ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ сатҳи  бекориву камбизоатиро, ки  дар  Паём  ироа  шуда  буданд,   ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки дар  марҳилаи  барои  ояндаи  кишварамон сарнавиштсоз  30-  солагии  Истиқлоияти  давлатии   Тоҷикистони  маҳбубамон  ҳар  як  хизматчиии  давлатӣ  бояд  боз  ҳам  бештар заҳмат  кашида,  ба  халқи  азизамон содиқона  хизмат кунем,нақшаҳои  бунёкоронаи  худамонро    сари вақт  ва  бо  сифати  баланд   ба  анҷом  расонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg