ПАНҶ. Дар толори маҷлисгоҳи хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҷангал мулоқот баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ иштирокдорон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, андешаронӣ намуданд. Вобаста ба ин фаъолияти ҳизбиён дучанд зиёд гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои некбинонаи Сарвари давлат саъю талош меварзанд.
Ҳамзамон, дар ин вохӯрӣ оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти «Якҷоя ҳал мекунем!», ки мақсад аз он сафарбар кардани аҳолӣ ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин фаъол гардонидани онҳо дар масъалаҳои иҷтимоии мавҷуда мебошад, ба иширокдорон фаҳмонида шуд.
Дар фароварди ҷамъомад сардори хоҷагии ҷангали ноҳия Сатторов Абдуаллим бо итиминони комил иброз дошт, ки дар соли 2019 нақшаи солонаи хоҷагии ҷангалро барзиёд иҷро менамояд.