ЛЕВАКАНТ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳайати мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом оид ба баррасии шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони деҳаи Гулистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Валиев Суҳроб дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда, пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд, андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ба ҳалли масъалаҳои ҳифзи фазои орому осудаи зиндагии шаҳрвандон, расидан ба меъёрҳои баландтари некӯаҳволии мардум ва шароити боз ҳам беҳтари иҷтимоӣ, тақвияти қонуният, адолат ва дар маҷмӯъ ба таъмини амнияти давлат, шаҳрвандон ва ҷомеа равона карда шудааст.