БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ниёзмандони ҷомеа низ зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ, вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо, деҳаву маҳаллаҳо ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа”-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он   масъулин оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 декабри  соли 2018 бармеояд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НБО-и Роғун, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар раҳнамоӣ намуданд.

Дар қисмати амалии хониши сиёсӣ тибқи нақша- чорабиниҳои   Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»           кормандони соҳа ба аёдати оилаи ниёзманди ҷомеа  Ботуровҳо  рафта, ба онҳо маводҳои  хӯрока  кӯмак расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg