БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – ин зиндагии шоиста ба мардум аст

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо  мақсади баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Қубодиён бо сокинон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молиячиён” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” баргузор гардида, дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев  иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Ваҳобиддин  Абдуллоев  дар назди иштирокдорон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, инчунин дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  масъалаҳои ташвишовари терроризму эктремизм, муқовимат  бо коррупсия, пешгирии шаҳрвандон аз нашъаҷаллобию нашъамандӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ –амалии  ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҳар яки  ҷамъомадагон ҷиҳати амалӣ  намудани мақсаду маром ва  дастуру супоришҳои  Пешвои миллат  ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри шукуфоии кишвар, корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg