БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – роҳ ба сӯи ояндаи нек

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  хониши сиёсӣ дар мавзӯъи расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар амал татбиқ намудани қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ба аёдати як нафар бемор рафта, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳия ба маблағи панҷсад сомонӣ маводи доруворӣ кӯмак расонида шуд.

Бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ Х. Асоев ва  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи марказӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир гардида,  дар он қайд карда шуд, ки Соли 2018 бо руйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Ҳамчунин, дар Паёми имсола қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегияи миллии рушд пешбинигардида, равона карда, барои  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбудии вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg