БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду нумӯи Ватан мебошад

ПАНҶ. Ба муносибати истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳияи Панҷ корҳои амалӣ мутташакилона идома доранд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ҳашари шинондани ниҳолҳои писта ба роҳ монда шудааст.  Муддати чанд рӯз аст, ки кормандони хоҷагӣ пистаҳои навъи аълоро ҳамчун тухмӣ дар қуттиҳои махсус шинонда истодаанд. Зимни вохӯрӣ кормандони хоҷагӣ иброз доштанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор ниҳолҳои алакай 1-солаи пистаро ба талу теппаҳои ноҳия  бурда мешинонанд.

Ин корҳои хайр ба амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири рушду нумӯи Ватани азизу маҳбуби мо мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg