КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ, вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо, деҳаву маҳаллаҳо ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ тахти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии «Зафар » хониши сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Абдуллоев Мирвоҳид ва дигар кормандон баргузор гардид.
Абдуллоев ирвоҳид зимнан вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамчунин оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат муфассал баромад намуда, иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ қайд намуданд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад.
Ҳамзамон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Зафар” дар назди ташкилот барои равшанкунии шаҳраки Исмоили Сомонӣ як адад симчӯби барқӣ бо фурӯзонаки каммасраф насб карда шуд.