БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём – мушкилкушо дар рӯзгори мардум

ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи тартибдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Шаҳритуз вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохила ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Саид Нуриддин Саид вохӯриҳо баргузор гардида  истодаанд.

Вохӯрии навбатӣ  дар деҳаи ХоҷаДурбоди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия  дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии № 10 баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Зиё Хуршед директори Пажуишгоҳи рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиқов Саймуддин  мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон иштирок дошта, моҳияти  Паёми Пешвои миллат,   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрмаи  рӯзро мавриди барраасӣ қарор  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg