ХУРОСОН. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим дар Беморхонаи марказии ноҳия вохӯрӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат - раҳнамои мо» оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26-декабри соли 2018 бармеояд, баргузор гардид.
Зимнан Саидзода Раҳмон дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарзи дурусти хизматрасонии тиббӣ ба беморон, ҳифзи сиҳатии омма андешаронӣ намуда, кормандони соҳаи тандурустиро барои боз ҳам содиқона хизмат намудан ба халқу Ватан ҳидоят кард.