ПАНҶ. Дирӯз аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Ориёи”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани кӯчаҳои маҳалла шанбегии умумӣ гузарониданд.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Боев Сайраҳмон баромад намуда, аз ҷамъомадагон даъват ба амад овард, ки барои ба даст овардани боварии давлату Ҳукумат мо ҳизбиёни маҳал бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок хизмат кунем.
«Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем»- ин суханони Пешвои миллатро шиори худ намуда, ҳамарӯза бобати иҷрои он ба худ ҳисобот диҳем.
Шанбегӣ бо тоза кардани ҷӯйҳои обгузари маҳалла, буридани шохаҳои дарахтон ва нарм кардани бехи онҳо гузаронида шуд.
Дар натиҷаи роҳандозии ин шанбегӣ кӯчаҳои маҳалла ба худ симои дигар гирифтанд.