БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ташнаро як қатра об аз ганҷи дунё беҳтар аст!

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯлоб» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш мудири шуъбаи  кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Ёров Худойдод, мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуот Даминов Илҳом ва мутахассиси шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуот Негматов Азизулло тибқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.       

Зимни вохӯрӣ Негматов Азизулло  оид ба нуктаҳои асосии  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сухан баромада қайд намуд, ки 22-марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид  расман оғоз гардид.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Юсупов Раҷаб бо иштирокчиён ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар тоза кардани ҷӯйҳои обгузар ва атрофи маҳали зисти худ аз партову алафҳои  бегона  саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg