ШАҲРИТУЗ. Вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бо роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Саид Нуриддин Саид идома доранд.
Воҳӯрии навбатӣ дар деҳаи Сайёди ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №7 баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Зиё Хуршед директори Пажуишгоҳи рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиқов Саймуддин мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Шаропов Ҳомидҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан масъулин дар назди иштирокдорон нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, аз ҳар фарди худогоҳу ватандӯст вобастатгии амиқ дорад.
Инчунин, дар ин раванд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон атрофи Паёми Пешвои миллат , самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву ободонӣ, ки ҳадафи аслии ҳизб рушду тараққиёти Ватан ва зиндагии пурсаодати мардум мебошад, раҳнамоӣ намуд.