КӮЛОБ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуруст, мақсаднок, самаранок ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракат” вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракат” Абдураҳмонов Шералӣ иштирок ва суханронӣ карда, Паёми Пешвои миллатро асоси дилгармии ҳар шаҳрванди соҳибандеша бобати танзими зиндагӣ ва фаъолияти масъулиятноки ӯ дар ҷомеа унвон намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи Аксияи тарғиботӣ – амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бехи дарахтони гирду атрофи ташкилотро нарм намуда, иловатан дарахтони ҳамешасабз шинониданд.
Дар чорабинӣ аён гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз Паёми Президенти кишвар илҳом гирифта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан талош меварзанд.