БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- тарғибгари ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат

ҚУБОДИЁН. Имрӯзҳо бо мақсади амалӣ  намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дода буданд, дар ноҳияи Қубодиён бо мардум суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки “Қубодиён” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат” баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок ва суханронӣ  намуд.

Абдуллоев Ваҳобиддин  дар баромади  хеш  аз суханрониҳои  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар Паёми навбатӣ  ёдовар шуда, изҳор дошт, ки баҳри амалӣ  намудани дастуру супоришҳои додашуда мо бояд сарҷамъона ва бо дилу нияти нек ба ояндаи дурахшон кӯшиш намоем, дар корҳои ободонию созандагӣ баҳри ободии Ватани биҳиштосои худ фаъолона иштирок намоем, зиракии сиёсӣ, дӯстию рафоқат ва якдилию ҳамдигарфаҳмиро аз даст надиҳем. Насли оянда – ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию худогоҳӣ, ҳурмату эьтироми калонсолон, ҳифзи таъриху фарҳанги миллӣ тарбия  намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg