ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён»-и ноҳия оид ба баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ и.в. раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қурбонов Абдулҳафиз дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғун, ташаббусҳои неку ояндадори Пешвои миллат дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» андешаронӣ намуда, кормандони соҳаи маорифро барои баланд бардоштани таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалби наврасон ба ихтирооту технологияи муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон, дар дар рафти вохӯрӣ тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён»-и ноҳия ба 7 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.
Дар охир сокинон икдоми ватандӯстонаи ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ба ташкилкунандагони вохӯрӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.