ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолии деҳаи Чорсада-2-и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара вохӯрии судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ атрофи мазмун, муҳтаво ва масъалагузориҳои Паём суханрониҳо карда шуда, аз ҷумла, дастовардҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018, оғози татбиқи пешниҳоди чоруми сатҳи байналмилалии Тоҷикистон дар масоили об, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва расидани ҷонибҳо то сатҳи шарикони стратегӣ, мавриди истифода қарор додани чархаи аввалини Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, татбиқи сифатноки ҳадафҳои стратегӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонӣ ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, бунёди корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, фароҳам гардидани ҷойҳои нави корӣ, бунёди як қатор иншоотҳои хизматрасонӣ дар маҳал, вазъи имрӯзаи сайёра ва дигар нуктаҳои муҳими Паём суханронӣ карда шуд.
Инчунин, зимни суханронии масъулин иброз гардид, ки Паём – дастурамал ва нақшаи мушаххаси корӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият масъалагузорӣ карда шудааст.