ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, мудири шуъбаи ташкилӣ, баҳисобгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусеёнзода ба ноҳияи Восеъ ташриф овард.
Зимни расонидани ёрии методӣ ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ҳусейнзода Наврӯз оид ба ҳуҷҷатгузорӣ, зиёд намудани шумораи аъзои ҳизб, пурра ва дуруст ҳисоб кардани ҳисоботи оморӣ, татбиқи дурусти нақшаи корӣ, дуруст ҷо ба ҷо кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои боз ҳам сайқал додани дониши сиёсиашон ёрии методиро бо хушнудӣ пазируфта, иброз намуданд, ки ин ёрии методӣ ба мо барои боз ҳам пурмасъулияттару ҷиддитар будан дар корҳои ҳизбӣ ва дар оянда хубу беҳтар фаъолият намудан мусоидат кард.