ВАХШ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бемориҳои пӯст» -и ҷамоати шаҳраки Вахш дар мавзӯъи расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар амал татбиқ намудани қисмати Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Исмоил ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Худойдод Ёров вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур қайд карда шуд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлолии тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Ҳамчунин дар Паёми имсола қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсияи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбудии вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.