БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанги шаҳр» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Ҳакимова Волида тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, иштирокдоронро барои иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои аз Паёми Пешвои миллат бароянда ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ раҳнамоӣ намуд.