Ҷ.БАЛХӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шамс»-и ҷамоати шаҳраки Балх бо сокинон оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок ва баромад намуданд.
Дар рафти суханрониҳои масъулин қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои балндпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд.
Инчунин, дар маҳалла дастаҷаъмона ҷӯйҳои обгузар дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” тоза карда шуданд.