ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, деҳаи Хушодӣ вохӯрии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаропов Ҳомидҷон бо сокинон баргузор гардид.
Шахсони расмӣ дар назди сокинон моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, дар ин раванд Шаропов Ҳомидҷон доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, аз иштирокдорон барои дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ даъват ба амал овард.