
ҲАМАДОНӢ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз тарафи корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Сидаъзам Шомуродзода ёрии методӣ расонида шуд.
Диққати асосӣ ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии навтаъсис, протоколҳо, қарорҳо ва тасдиқи ташкилотҳои ибтидоии навтаъсис дода шуда, қайд гардид, ки дар муҳлатҳои наздик рӯйхати аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муттаҳидшавии аъзои ҳизб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳа, маҳалла ва китоби бақайдгирии аъзои ҳизб анҷом дода шаванд.