ФАРХОР. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, дар низоми сиёсии давлатдории мо ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо мебошад.
Бо ин мақсад кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор тибқи ҷадвали тасдиқгардида, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатӣ» мулоқот доир намуданд.
Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиҷон Назаров дар назди ҳозирин баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба соҳаи тандурустӣ дахл доштанд, ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.
Аз он ҷумла қайд гардид, ки дар Паёми имсола Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаи тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда шудааст. Илова бар ин, дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд. Ҳамзамон, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳа, ки Президенти мамлакат дар Паём оид ба арзу шикоятҳои сокинони мамлакат, ки ба унвонии Дастгоҳи иҷроияи Президент расидааст, дастурҳои корӣ доданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои боло бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва масъулияти табибон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки Пешвои миллат махсус дар Паём қайд намуда буданд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ёфт.