КУШОНИЁН. Мувофиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён омӯзиши мукаммали Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамоати деҳоти Ориёни деҳаи ба номи Малик Гиёеви ноҳия чунин вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он Сатторова Мунаввара раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён иштирок дошта, зимни суханронӣ афзуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасии масъалаҳои муҳимм доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, пешниҳоди сабукиҳо ба соҳибкорон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад ва аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани ин дастури муҳимм пурмаҳсул ва садоқатмандона фаъолият намоянд.