БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз Паём бӯи муҳаббат мерасад...

ШАҲРИТУЗ. Вохӯрии фаъолони ноҳияи Шаҳритуз бо гурӯҳи тарғиботӣ оид ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид.

Дар вохӯрии номбурда Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз Саид Нуриддин Саид, директори Маркази таълимии методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрмаҳмадзода Шермуҳаммад, директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиё Хуршед, мудири Шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангов Раҷабалӣ, раиси ноҳияи Шаҳритуз Оймаҳмаҳмадзода Рамазон Алихон ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шаропов Ҳомидҷон иштирок ва  суханронӣ  намуданд.

Зимнан масъулин  нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки  рисолату муҳимии Паёми навбатӣ  барои давлату  миллат мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg