БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Носири Хусрав дар соли 2018 ҷамъбаст ва вазифаҳои навбатӣ муайян карда шуданд

Н.ХУСРАВ. Маҷлиси   ҷамъбастии  фаъолияти Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав баргузор  гардид. 

Дар  он  узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Носири Хусрав  Садриддинзода Нуриддин Талбак, намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидов Ҳусейн,  фаъолон, аъзо ва   ҷонибдорони ҲХДТ,  аъзои  Кумитаи  иҷроия,  раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ, вакилони  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия   иштирок   намуда,  ҳисоботи  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё   дар  соли  2018  муҳокима  карда,   вазифаҳои  навбатии ҳизбиёни  ноҳияро   барои  соли  2019   муайян  намуданд.

Раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  зимни  ҷамъбасти   кори  маҷлиси  Кумитаи  иҷроия   дастуру  супоришҳои  аз  маҷлиси васеи  Раёсати  Кумитаи  иҷроия ҲХДТ  дар  вилояти   Хатлон   аз  3 январи  соли  2019 ба  миёнгузошта  ёдовар  шуда,    аъзои  Кумитаи  иҷроия, раисони  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбро даъват  намуд, ки   ҳар  кадоми  онҳо  дар  иҷрои  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ   саҳмгузор  бошанд.

Баъдан  намояндаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон,  сармутахасиси   шуъбаи  кор  бо  ҷавонону занони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ   Саидов  Ҳусейн  суханронӣ  намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусравро қаноатбахш ҳисобид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg